Мутахассисон оид ба кори иҷтимоӣ дар бозори муосири меҳнат дорои талаботи зиёд мебошанд ва метавонанд пешрафти касбии худро дар ташкилотҳои гуногуни инфиродӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ созмон диҳанд.
Хатмкунандагони барномаи ДДИР метавонанд дар ташкилотҳои давлатӣ ё инфиродӣ, дар вазифаҳои зерин кор кунанд: корманди иҷтимоӣ, геронтолог, психолог, низоъшинос, мутахассиси хадамоти шуғли аҳолӣ, педагоги иҷтимоӣ ва ғайра.
Имрўз касби корманди иҷтимоӣ дорои аҳамияти калони иҷтимоӣ мебошад. Бисёр ширкатҳо ба мутахассисони иҷтимоии дорои ихтисоси баланд зарурат доранд, ки аз ўҳдаи пешбурди босаводонаи кор бо гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ бароянд.
Баъди хатми таҳсилоти асосӣ хатмкунандагони ДДИР метавонанд инкишофи худро дар соҳаи илмӣ бо дохил шудан ба магистратура ва аспирантура идома диҳанд. Он инчунин дурнамои иловагии пешрафт дар соҳаи идоракуниро фароҳам меорад.